Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон 53 миллион қарзи андоз мавҷуд аст, ки аз он 33 миллионаш қарзи мушкилситон ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои расида аз нозироти андози ноҳияи мазкур бештари қарзҳои мушкилситон ба корхонаҳои ҶДММ “Ховар тиҷорат”, ҶДММ “Бохтариён-2013”, ҶДММ “Собо ЛТД”, ҶДММ “Хуросон-2013”, ҶДММ “Абубуркри Асҳоб”,  ИБА ба номи Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ ТАКХ “Киропол экспрес ”, КИ “Камолидини Бурҳонидин”, Холов Акамал, ҶДММ “Нафиса М” ва ҶДММ “Истиқлолият 2015” рост меоянд.

Ҳамчунин, аз ниҳоди мазкур хабар доданд, ки 20 миллион қарзи дигар ба ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва дигар муштариёни андоз рост меояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here