Дар ноҳияи калонтарини вилояти Хатлон — Кӯшониён давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 109 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат зиёд аст.

Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Гулракат Холиқзода дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки аз 109 оилаи ҷудошуда  86 ҳолаташ бо ҳалномаи суд  ва 23 ҳолати дигар бо аризаи тарафайн, ки фарзанди ноболиғ надоштанд, бекор карда шудааст.

— Баъди пош хурдани ин оилаҳо беш аз 100 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монда, аксари кӯдакон зери тарбияи модарони худ ҳастанд, — гуфт ӯ ва илова кард, ки  омилҳои ҷудошавии оилаҳо дар ноҳия ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустаҳқил, бефарзандӣ, дахолати тарафҳо, яъне, волидон ва дигар аъзои оила мебошад. Дар идома ин шахси масъул зикр кард, ки  зиёд шудани шумораи аҳолӣ боиси афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Кӯшониён гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 20 оила, ки мехостанд ақди никоҳи худро бекор кунанд, баъди суҳбату вохуриҳои судманди кормандони бахши САҲШ аз бекор кардани ақди никоҳи худ даст кашидааанд.

Гулракат Холиқзода зикр кард, ки баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо кормандони САҲШ пайваста миёни аҳолӣ суҳбату вохуриҳо мегузаронанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here