— Куриёи Ҷанубӣ дар мавриди аз байн бурдани хавфи бемории коронавирус таҷрибаи  хуб ҳосил кардааст. Ман аз роҳбари ин мамлакат хостам, ки ба мо дар рафъи пахши ин беморӣ дасти кумак дароз намояд. Ин кишвар дар рӯзҳои наздик мутахассисони худро ба Ӯзбекистон мефиристад, — гуфт президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  дар як ҷамъомади васеи ҳукуматии кишвараш.

Ба таъкиди ӯ, бо вуҷуди афзоиши теъдоди мубталоёни коронавирус мардуми кишвараш ҳаргиз ба ваҳму ҳарос наафтидаанд ва ин вазъияти ногуворро бурдборона паси сар менамоянд.

— Кишоварзони моро лозим меояд, ки дар муддати даҳ рӯз мавсими киштукорро ба охир расонанд, дар акси ҳол мо дер хоҳем кард ва барои ҳосили хуб заминаи мусоид фароҳам оварда нахоҳад шуд, — тазаккур додааст Шавкат Мирзиёев.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди зиёди одамон вазъияти ба миён омадаро ҷиддӣ намегиранд ва қоидаҳои карантинро вайрон мекунанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Ӯзбекистон гуфтааст, теъдоди шахсоне, ки ба қоидаҳои карантин риоя намекунанд, беш аз пеш меафзояд.

Мувофиқи маълумоти дафтари матбуоти ин ниҳод алҳол 59 ҳазору 921 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки хилофи қоидаҳо амал кардаанд.

— Аксарияти вайронкунандагони қоидаҳои карантин ба шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд рост меояд. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд ин теъдод 10 ҳазору 100 нафарро ташкил мекунад. Дар вилояти Тошканд 8 ҳазору 889 нафар вайронкунандаи ин қоидаҳо ба қайд гирифта шуданд, — гуфта мешавад дар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила.

Дар пайи шаҳру вилояти Тошканд феҳрасти вайронкунандагони қоидаҳои карантинро вилояти Фарғона ишғол мекунад. Теъдоди вайронкунандагони қоидаҳои карантин дар ин вилоят аз 8 ҳазор нафар бештар будааст. Дар ҷои охир вилояти Навоӣ қайд шудааст. Дар ин вилоят вайронкунандагони қоидаҳои карантин 671 нафарро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, вайронкунандагони қоидаҳои карантин воситаҳои нақлиёти шахсиро бидуни иҷозанома истифода кардаанд. Воситаҳои нақлиётии ин ашхос то лағви карантин дар майдончаҳои ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешаванд ва соҳибони он баъди пардохти ҷарима метавонанд мошинҳои худро аз ин ҷо берун кунанд. Ҳамчунин, аксарияти вайронкунандагони ин қоидаҳо  бидуни  ниқоб ва риоя накардани қоидаҳои оддитарини карантин боздошт гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки барои вайронкунандагони қоидаҳои карантин дар Ӯзбекистон пардохти ҷаримаҳои бузург ва ҳатто маҳкум ба зиндон муқаррар шудаанд.

Бино ба маълумоти охири дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, ки имрӯз эълон кард, теъдоди сироятшудагони коронавирус 1214 нафарро ташкил мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here