Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз фаъолияти ширкати «Комил 2010» изҳори таассуф карда гуфт, баъди анҷоми биноҳои нотамомаш иҷозатномаи фаъолияти минбаъдаи ширкатро бекор хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи мазкур Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз, 19-уми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз камбудиҳои ширкати «Комил 2010» дар раванди корҳои сохтмонӣ огоҳанд ва беш аз 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ҳам кардаанд, аммо бо вуҷуди ин ба вайрон кардани қоидаҳои сохтмонӣ идома дода истодааст.
-Дар қарордод муассиси ширкати мазкур Азимова гуфта мешавад ва корҳои сохтмониро ширкати «Комил 2010» иҷро карда истодааст. Шикоят аз мизоҷони ширкат зиёд шуда аст. Оид ба ин масъала ба Прокуратураи шаҳри Душанбе низ мактуб ирсол карда шуд. Ин масъала доманадор аст, бовар дорем, ҳалли худашро меёбад. Мо пас анҷоми корҳои нотамоми сохтмонӣ иҷозатномаи фаъолияташро бекор мекунем,-гуфт, Ҷ. Аҳмадзода.
Аҳмадзода аз вайрон кардани тарҳи лоиҳаи сохтмони бинои 15-ошёна дар кӯчаи Нусратулло Махсум, дар рӯ ба рӯи сафорати Амрико, ки баъдан он ба 20 ошёна расонида шудааст, изҳори бехабарӣ кард, вале намояндагони ин ниҳод ба 20 ошёна расонидани биноро тасдиқ карданд.
Бори аввал нест, ки мизоҷони ширкати «Комил 2010» аз сифати пасти корҳои сохтмонии дар ин ширкат шикоят мекунанд.
Онҳо мегӯянд, биноҳо чунон ба ҳам зич сохта шудаанд, ки дар қисмати мобайни бино офтоб намерасад.
Масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфтанд, феълан сохтмонро дар ин иншоот манъ кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here