Минбаъд тӯйҳои домодию арӯсӣ дар кишвар бо иштироки 30-40 нафар баргузор карда хоҳанд шуд. Дар ин бораи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон иттилоъ дод.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мамлакат Афшин Муқим ба “Фараж” гуфт, ки чунин тасмим бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

— Аз ин ба баъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешаванд. Тибқи тартиби нав, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад. Вобаста ба ин аз ҷониби Кумита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардидааст,- гуфт А. Муқим.

Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти қонуни танзим то давраи коронавирус тӯйдор барои оши наҳор ҳаққи даъвати 200 нафар ва барои тарабхона 150 нафарро дошт. Ин шумора дар замони эълони пайдоиши вируси ҳамагир ба 100 нафар расонида шуд. Акнун, аз рӯйи тартиби нав, ҳадди аксари ширкаткунандагони тӯйи домодию арӯсӣ ба 40 нафар расонида шуд. Дар сурати нақзи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ба ҳадди минималӣ — 5800 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here