Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон соли гузашта 4049 номгӯи адабиёти динӣ, 7855 варақа, 21 адад дафтар, 39 сомонаи интернетӣ, ҳамагӣ дар ҳаҷми 699895 саҳифа, ҳамчунин, 209 фита, 26 телефони мобилӣ, 4 ноутбук, 6 флешкорт, ва 5 протсессори дорои 13 188 сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор додааст.
Раиси Кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода имрӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, Кумита аз маводҳои ироашуда ба 3920 номгӯйи адабиёти динӣ, 21 адад дафтар, 5242 адад варақа, 84 фита, 1 ноутбук, 14 телефони мобилӣ, 1 протсессор ва 2 флешкорт хулосаи мусбат ва ба 129 адабиёти динӣ, 2613 варақа, 125 адад фита, 12 телефон, 39 сомонаи интернетӣ, 3 ноутбук, 4 флешкорт ва 4 протсессор хулосаи манфӣ додааст.
Сардори Раёсати ташхис ва диншиносии Кумита Абдураҳмон Мавлонзода вобаста ба ташхиси рисолаи журналисти боздоштшуда Далер Шарипов бо номи “Муҳаммад (с) ва терроризм” изҳори назар накард. Номбурда гуфт, “Прокуратураи генералӣ аз 200 маводи дар солҳои 2013-2019 навиштаи журналист Далер Шарифов як қисмати онро барои ташхис ба Кумитаи дин ирсол кардааст ва танҳо пас аз таҳлилу ташхиси амиқу дақиқи маводҳо журналистон метавонанд аз мақомот дар ин бора маълумоти пурра дастрас намоянд”.
Ёдовар мешавем, ки журналист Далер Шарифов рӯзи 28-уми январ боздошт ва ду рӯз баъд аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам медонанд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар изҳороташ Далер Шарифовро ба нашри «200 матлабу мақола»-и, ба қавли мақомот, «дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ» ва «барангезандаи кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ” ҳастанд, муттаҳам кардааст.
Созмонҳои зиёди байналхалқӣ ва гуруҳе аз журналистони тоҷик бо нашри як изҳорот аз мақомот хостанд, то Далер Шарифов озод карда шавад.