Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе бо навиштаҷоти кушода шудани масҷидҳо дар рӯзи ҷумъаи 18-уми декабр чарх мезанад. Чанде аз сокинони шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дурдасти кишвар бо мо тамос гирифта, дурустӣ ва ё нодурустии хабари мазкурро пурсон шуданд.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати кишвар Афшин Муқим хабари мазкурро рад карда, гуфт, ки дар мавриди кушодашавии масҷидҳо то ҳануз маълумоте нест. Номбурда иброз дошт, ки “дақиқан то соли нави мелодӣ дар ин бора ягон ҳарфе вуҷуд надорад”.

Ин дар ҳолест, ки 9 моҳ боз бо сабаби пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси Ковид-19 дари масоҷид дар Тоҷикистон баста аст ва ин ҳолат нигаронии мусалмонони масҷидравро бештар кардааст. Бархе аз шаҳрвандон низ, аз он ки дари бархе аз клубҳои шабона кушодаасту аз масҷидҳо баста, изҳори норозигӣ доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here