Дар миқёси кишвар 76 ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 13 адад телевизиони давлатӣ, 32 адад телевизиони ғайридавлатӣ, 10 адад радиои давлатӣ ва 21 адад радиои ғайридавлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, аз шумораи телевизионҳои ғайридавлатӣ 12 ададашро телевизионҳои ноқилӣ ташкил медиҳанд.

Муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора маълумот дода, гуфт, Кумита ҷиҳати бо сифати баланд ва бидуни халалҳои техникӣ пахш намудани барномаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ пахши онҳоро тариқи ду моҳвора — Yahsat 1A ва NSS 12 ба роҳ мондааст.

— Кумитаи радио ва телевизион аз 25 сохтор иборат буда, шумораи умумии басти корӣ 3551 бастро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 2430 нафарро мардон ва 887 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар ҳайати роҳбарикунанда 55 нафар занон фаъолият карда истодаанд,- гуфт Бобошоҳзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барои беэътиноӣ ва роҳ додан ба хатоиҳо ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба 55 нафар сарзаниш ва ба 6 нафар танбеҳ эълон карда шуда, 2 нафар роҳбарон аз вазифа озод шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here