Имрӯз, 11-уми июн, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо кумаки рӯзноманигорони қазоқистонӣ ба 55 нафар журналистони эҳтиёҷманд орд, биринҷ, шакар, макарон, равғани растанӣ, ҳамчунин ниқоб, дастпӯшак, антисептик ва салфетка тақсим кард.

Бояд гуфт, ки дар ин кори хайр рӯзноманигорони Русия, Украина ва Ӯзбекистон ҳам саҳми худро гузоштанд ва аслан ташаббус аз ҷониби журналистони қазоқистонӣ буд.

Лозим ба ёдоварист, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар роҳандозии чунин чорабиниҳо таҷрибаи бойи корӣ дорад ва амалӣ намудани ин иқдом дар ВМКБ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлобу Хуҷанд низ дар назар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here