Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Барномаҳои рушди ҷамъиятии сафорати ИМА дар Душанбе рӯзҳои 22 ва 23-юми феврал тренинг барои журналистонро дар мавзуи “Интихоботи парлумонӣ- 2020” дар меҳмонхонаи “Кулоб”-и шаҳри Кӯлоб доир намуд.
Дар он 10 журналист аз ин шаҳр роҷеъ ба нозукиҳои ширкати журналистон дар интихоботи парлумонӣ, қонунгузориҳои лозима дар ин мавзуъ шинос гардиданд.
Тренингро коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров ва ҳуқуқшиноси маъруфи соҳаи ВАО Иноят Иноятов гузарониданд. Дар тренинг мавзуъҳои “Ҳуқуқи интихоботӣ. Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот”, “Нақши рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО дар инъикос намудани интихобот”, “Хусусиятҳои инъикос намудани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ аз тарафи рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ВАО”, “Танзими ҳуқуқии иштироки мушоҳидони миллӣ ва мушоҳидони байналмиллалӣ дар интихобот”, “Инъикоси тартиби овоздиҳӣ ва таҳлили интихобот аз тарафи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои инъикоси ташвиқоти пеш аз интихоботӣ дар ВАО: таҳлили қонунгузории амалкунанда ва амалияи рӯзноманигорӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳозирин аз таҷрибаи солҳои пешин мисолҳои мушаххас оварданд.
Лоиқ ба ёдоварӣ аст, ки тренинги мазкур дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе доир гардида, дар шаҳри Хоруғ низ доир хоҳад шуд.
Гузаронидани маъракаҳои марбут ба интихоботи парлумонӣ ва президентӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, бори аввал набуда, солиёни пеш низ дар ин мавзуъ семинару тренингҳо ва инъикоси ҳаматарафаи ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ доир гардидааст.
С. Халилиён