Қисми даромади буҷети шаҳри Кӯлоб дар даҳ моҳи соли 2020-ум 101,5 дарсад таъмин гардида, ба буҷет беш аз 1 миллиону 272 ҳазор сомонӣ бештар ворид гардидааст.

Сардори Нозироти андози шаҳри Кӯлоб Ибодулозода Алиҷон бар сӯҳбат ба  «Фараж» гуфт, ки қисми даромади буҷети шаҳр дар ин давра 85 миллиону 513,9  ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 86 миллиону 786,5 ҳазор сомонӣ  иҷро гардид.

Гуфта шуд, ки ҳоло бақияи қарзи андоз дар шаҳри Кӯлоб 18 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ба аввали  сол 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кам аст.

Кормандони нозироти андози шаҳр талош доранд, ки саривақт андозро иҷро ва бақияи қарзро низ кам кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here