10-уми декабри соли 2020 дар деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб майдони варзишӣ барои бозии футболи хурд кушода шуд. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши матбуоти МИҲД-и шаҳр Дилором Файзова ба Faraj.tj иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи майдони варзишӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, роҳбари Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Кӯлоб Гулиев Абдулло, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Азимов Суҳроб ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки майдончаи варзишӣ бо саҳмгузории соҳибкорони ҳамин деҳа ва маблағгузории лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид — “Таҳкими устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Осиёи марказӣ” бо дастгирии молиявии Ҷопон бунёд карда шуда, баҳри машқу тамрини сокинон аст, то минбаъд сокинон дар ин мавзеъ барои тамрини футбол ва машқи бадан ба ҳам оянд.

— Ҳамзамон, дар майдони навбунёд, мусобиқаи футболи хурд байни 6 дастаи деҳаҳои ҷамоати деҳоти Даҳана баргузор гардида, ғолибон бо ҷом, медал, туҳфа ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд, — афзуд манбаъ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here