Аз 17 то 21-уми июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб “Ҳафтаи бизнес барои бонувон”, ки бо ибтикори American Space Kulob ва пуштибонии ширкати мухобиротии Tcell сурат мегирад, доир хоҳад шуд. Тӯли як ҳафта беш аз 20 зани маҳаллӣ аз Кӯлоб асосҳои тиҷорат, ояндабинӣ (банақшагирӣ), рушд ва пешбурди бизнеси инфиродиро дар ин ҳамоиш меомӯзанд.

Ширкати телекомуникатсионии Tcell, яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) буда, ҳамчун анъана чорабиниҳои марбути рушди соҳаи соҳибкорӣ, тиҷорат ва иқтисодиёти кишварро дастгирӣ менамояд. Барои Tcell дар ин росто ҳадафи асосӣ- муттаҳидсозии одамон ва аъзои ҷомеъа буда, бо ин васила саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт маҳсуб мегардад

Дар «Ҳафтаи бизнес барои занон» дар Кӯлоб бештар аз 20 бонуи минтақа ширкат хоҳанд кард: миёни онҳо соҳибхоназанон, намояндагони тиҷорати хурду миёна ва донишҷӯён низ ҳастанд. Тайи як ҳафта иштирокдорони нишаст дарси асосҳои соҳибкориро аз Мактаби тиҷоратии “55 Group” гирифта, донишҳои худро дар ин ҷода тақвият медиҳанд.   Мавзӯоти аслии омӯзишӣ дар курс- тарҳрезӣ, роҳандозӣ ва банақшагирии тиҷорат буда, тарзи тарғиби молу коло дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути диҷитол ва василаҳои ҷадиди онлайниро дар бар мегирад.

Баъди ба анҷом расидани “Ҳафтаи бизнес барои бонувон” дар Кӯлоб иштирокчиён метавонанд нақшаи тиҷорату соҳибкории худро таҳия карда, тарзи татбиқи онро тавассути абзорҳои мушаххас нишон диҳанд.

Мавқеъи занон дар ҷомеъа сол аз сол бештар гардида, аҳамияти зиёдро ба худ касб мекунад: бонувон бештар тарзи ҳаёти солимро пеша карда, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар саҳми боризи худро мегузоранд. Онҳо бо ин роҳ ба пешрафти кишвар дар ҳама бахшҳо ёрии худро дареғ намедоранд.

Tcell – ширкати масъулияти иҷтимоидошта аст ва бар пояи роҳбурди корӣ (стратегия)-и худ имкониятҳои навро барои бонувон муҳайё сохта, барои тақвияти нақши онҳо дар ҷомеъа мусоидат менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here