Як нафар сокини шаҳри Ваҳдат худро чун қаҳрамони филмҳои моҷароҷӯӣ гумон карда, ноболиғеро дуздидааст ва аз волидайни ӯ пул талаб кардааст, аммо ба ин мақсад нарасидааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат кардааст, ки 7-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 09:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ набераи хурдсолаш, духтарчаи 2-соларо, аз назди хонаи истиқоматиашон дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамрабоӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, бо мақсади талаб кардану ба даст овардани пул кӯдакро дуздидааст. Мехостааст, ки волидайни хурдсол азоби руҳӣ кашанд, аз н рӯкӯдакро ба хонаи хоҳараш, зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурда, то соати 16:10 нигоҳ доштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here