Тибқи амри Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва амалиёти башардӯстонаи “Меҳр-1” 64 нафар кӯдаки синну соли гуногун тавассути ҳавопаймои махсус аз Ироқ ба Тошканд баргардонида шуданд. Гуфта мешавад, ин иқдоми наҷиб бо кумаку ҳамдастиҳои давлати Ироқ ва созмони байналмилалии кӯдакони ЮНИСЕФ амалӣ гардид.
Дар ин гурӯҳ, ки аз Ироқ ба Ӯзбекистон мунтақил шудаанд, 39 нафарро писарон, 25 нафарро духтарҳо ташкил медиҳанд. 14 нафари интиқолёфтагон кӯдакони то 3-сола мебошанд. Аз он ду нафар комилан сағир мондаанд ва баъзеи падару модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Кӯдакон тибқи ризоияти модаронашон ба Тошканд баргаштаанд, зеро шавҳарони онҳо онҳо барои ҷурмашон дар гурӯҳҳои террористӣ ва халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ё дар гурӯҳҳои гуногун машғул ба пиёда кардани амалиёти террористӣ мебошанд.
— Барои анҷоми ин кори муҳим, ки бо амри Президенти мамлакатамон ба вуқӯъ пайваст, мо вақти зиёд сарф кардем. Муҳимтар аз ҳама, муваффақ шудем, ки тавассути ҳавопаймо ин кӯдаконро ба Ватан бозгардонем, — мегӯяд сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Кувайт Баҳром Аълоев.
Ин амали неку башардӯстона аз ҷониби мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон ва ёрии созмонҳои байналмилалӣ бори дуюм аст, ки анҷом мепазирад. Бар асоси амалиёти хоси инсонпарваронаи “Меҳр-1” қаблан 156 нафар занону кӯдакон ба Ӯзбекистон баргардонида шудаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, Тошканд