Субҳи имрӯз дар боғчаи рақами дуи шаҳри Бохтар  сӯхтор ба амал омад. Хушбахтона, дар ин сӯхтор ягон нафар осеб надидааст.

Барои хомӯш кардани сӯхтори ин муассисаи томактабӣ 9 мошини сухторхомушкунӣ сафарбар карда шудаанд. Дар ин бора аз  раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Омилҳои сар задани сӯхтор ва хисорот муайян карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here