Аз 17-уми август дар Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Ин тасмимро 11-уми август Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо сирояти коронавирус гирифтааст.

Вазорати маориф ва илм ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф хабар додааст, ки кӯдакистонҳо низ дар асоси «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар тавзеҳоти Вазорати маориф ва илм омадааст, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд то ба эътидол омадани вазъият онҳоро ба кӯдакистон набаранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад.

Дар тавсияи Вазорати маориф гуфта мешавад, ки қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад, ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад, кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд, гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шаванд ва  машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шаванд.

Пештар, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифта буд, ки дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз 17-уми август бо риояи меъёрҳои тавсияшудаи ин вазорат оғоз мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here