Субҳи имрӯз, тақрибан соати 4-и саҳар, дар маҳаллаи 33-юми ҳудуди ноҳия Синои шаҳри Душанбе, як кӯчарӯб ҳангоми рӯфтани роҳ ба даруни чоҳи интиқоли оби гарм афтода, ба ҳалокат расидааст.

Тавре як манбаъ ба faraj.tj гуфт, марҳум Каримова Нигора, ном дошта соли таввалудаш 1987 мебошад. Як манбаи дигар дар сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки номбурда ба чоҳи лӯлаҳои интиқоли оби гарм афтодааст. Зоҳиран, сарпӯши ин чоҳ пӯшида набудааст, ки зан ба он афтодааст.

Аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки аз ин ҳодиса хабар надоранд ва баъд аз таҳқиқ маълумот хоҳанд дод.

Шарҳи бештар нашр хоҳад шуд.

Комрони Аслон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here