Футболбози маъруф, чемпиони ҷаҳон ва Аврупо, ду маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои UEFA, ниммуҳофизатгари дар гузашта номдори дастаи мунтахаби Фаронса Кристиан Карамбе Ҷоми ҷаҳонии футболро ҳангоми ба Душанбе омаданаш ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Дар доираи сафари ҷаҳонӣ нусхаи асли Ҷоми ҷаҳонии футбол дар 50 кишвари дунё ба тамошои мухлисон гузошта мешавад. Ин ҷом ба Тоҷикистон ҳам меояд.

Ин сафари ҷаҳонии FIFA бо номи  World Cup Trophy Tour, ки бо сарпарстии ширкати Coca-Cola анҷом дода мешавад, 5-уми феврал вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ин сана мухлисони футбол метавонанд, ки дар Душанбе ин ҷомро аз наздик бинанд. Ин барномаро Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳамдастии ширкати Coca-Cola роҳандаозӣ кардааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here