Хилватшоҳ Маҳмуд, як фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон, бо як номаи боз, ки онро ба ҷойи муроҷиатнома гуфтааст, аз МММО, ВМКБ ва АИ ҶТ хостори арҷ гузоштан ба хизматҳои академик Раҳим Масов шудааст.
Дар нома, ки ба унвони муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ба президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим ирсол шудаасту дар саҳифаи фейсбукии Хилватшоҳ Маҳмуд нашр шуд, гуфта мешавад, ки ба хотири гиромидошти ному кору пайкори фарзанди мӯътабари миллат, дар арафаи 80-солагии профессор, академик Раҳим Масов дар зодгоҳу макони таҳсилаш — ноҳияи Ванҷу шаҳри Хоруғ лавҳаи ёдгорӣ насб карда, кӯча ва мактаби таҳсилкардааш ба исмаш гузошта шавад. Ҳамчунин, аз роҳбарияти АИ ҶТ даъват мешавад, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ дар шаҳри Душанбе ба номи Раҳим Масов гузошта шавад.