Ассотсиатсияи матбуоти Бразилия (ABI) президент Жаир Болсонаруро ба додгоҳ мекашад. Дар як изҳороте, ки дар вебгоҳи ин созмон нашр шудааст, гуфта мешавад, ки Болсонару ҳангоми брифинг бахшида ба бемории COVID-19 рӯзноманигоронро ба хатари гирифтор шудан ба коронавирус дучор кардааст.
Президент шахсан ба назди намояндагони матбуот баромадааст. Ӯ ниқоб пӯшида буд, аммо фосиларо нигоҳ намедошт. Болсонару дар бораи мусбат будани натиҷаи санҷиши коронавирус хабар дода, дар бораи некӯаҳволии худ сухан гуфтааст. Дарҳол пас аз брифинг, чанд метр дур аз хабарнигорон, ӯ ниқоби худро кашидааст, то хуб будани ҳолашро нишон диҳад.
«Сарфи назар аз он, ки медонист, ба COVID-19 сироят шудааст, президент Болсонару амалҳои ҷинояткоронаро идома дода, ҷони одамони дигарро зери хатар мегузошт», — гуфта мешавад дар изҳороти ABI.
Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки президент ВАО-ро даъват карда, «низоми инзиворо, ки табибон тавсия додаанд, вайрон кард». Тибқи иттилои иттиҳодия, Болсонару ҷиноятҳоеро содир кардааст, ки мутобиқи он Кодекси ҷиноятии кишвар ҳабс ва ҷарима пешбинӣ кардааст. «Бинобар ҳамин вазъ, ABI президентро дар Суди Олӣ муҳокима мекунад», — гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар арафаи 65-солагиаш Болсонару ба тарафдорони худ дар қасри президент гуфтааст, ки ӯ ба бемористон ташриф оварда, аз ташхиси вирус гузаштааст. Вай афзудааст, ки ташхиси MRI нишон дод, ки шушҳояш “тоза” буданд, аммо ҳарораташ баланд буд.