Дар саросари ҷаҳон, ба истиснои кишвари Чин, шумораи гирифторони коронавирус ба 3 ҳазору 530 нафар расидааст, хабар медиҳад рӯзномаи Ҳонгконг South China Morning Post.

Ба иттилои ин манбаъ, теъдоди қурбониён бар асари коронавирус дар як рӯз аз 49 то 57 ҳолат афзудааст, аз он ҷумла дар  Эрон 19 нафар, Кореяи Ҷанубӣ 13 нафар, дар Италия 12 нафар, Ҷопон 7 нафар то ин муддат ҷон додаанд.

Ба иттилои Интерфакс қисми зиёди сироятёфтагон дар Кореяи Ҷанубӣ 1 ҳазору 595 нафар ва Ҷопон 862 нафар муайян карда шудааст.  Дар Италия 374 нафар, Эрон 139 нафар, Сингапур 93 нафар, Ҳонконг 91 нафар сироятёфтаи коронавирус ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Чин тӯли як шабонарӯз тақрибан 200 нафар ба вирус гирифтор шудаанд, инчунин, 29 нафар фавтидаанд. Шумораи умумии қурбониёни вирус дар кишвари Чин 2 ҳазору 744 нафар ва теъдоди мубталоён ба ин вирус 7 ҳазору 849 нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад манбаи мазкур.

Тибқи охирин маълумот, дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба коронавирус аз 80 ҳазор нафар гузаштааст ва зиёда аз 2 ҳазору 700 нафар сироятёфта ба ҳалокат расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол дар ҷумҳурӣ  нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, сару садоҳоро дар мавриди олуда будани як нафар ба коронавирус аз миёни 46 донишҷӯе, ки чанде қабл аз шаҳри Вуҳани Чин ба кишвар ворид гашта буданд, масъулини Вазорати тандурустӣ рад намуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here