То имрӯз дар ҷаҳон шумораи аз коронавирус фавтидаҳо ба 1 771 884 нафар расидааст. Аз аввали хуруҷи ин беморӣ 81 142 113 кас аз он сироят ёфтаанд ва 57 291 222 нафар шифо ёфтаанд. Айни замон 22 079 007 кас бо ин вирус дасту панҷа нарм мекунанд.

Шумораи бештари гирифторон дар ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки 19 573 847 нафаранд. 341 138      кас аз сирояти ин вирус ба ҳалокат расидаанд ва 11 495 875 шифо ёфтаву ҳоло 7 736 834 кас беморанд.

Баъд дар Ҳиндустон омори зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки 10 208 725      аз аввали хуруҷи вирус сироят ёфтаанд. 147 940 кас ба марг мувоҷеҳ гардидаанд. 9 781 945 нафар аз ин вирус наҷот пайдо кардаанд ва ҳоло 278 840 кас бо он мубориза мебаранд.

Дар Бразилия аз аввали пайдоиши вирус 7 484 285 нафар бемор шудаанд, ки 191146 натавонистаанд ҷон ба саломат баранд. Ҳоло 777 769 кас дар ин кишвар беморанд ва 6 515 370 кас шифо ёфтаанд.

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30-юми апрел то 27-уми декабр 13 205 ҳолатро ташкил медиҳад.

Дар як шабонарӯзи охир 35 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат шуда, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 12 692 (96,1%) шифо ёфтаанд ва бар асари ин вирус 90 нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here