Дар кати хоб нишаста истеъмол кардани «доруҳои мӯъҷизаофар» ҳеҷ масуниятро мустаҳкам нахоҳад кард. Пизишк Евгений Каморовский ягона роҳи мустаҳкам кардани масуниятро дар саҳифаи инстаграмаш чунин гуфт.

— Иҷрои мунтазами машқҳои ҷисмонӣ, истеъмол накардани хӯрокҳои зиёновар, кам истифода бурдани шакар, надоштани вазни зиёдатӣ, қарор надоштан дар ҳолати афсурдагӣ, аз ҷумлаи муқаррароте аст, ки барои мустаҳкамкунии масуният мусоидат мекунанд, — навиштааст табиб.

Ӯ бар он бовар аст, ки эҳсосоти мусбат ва ҳавои тоза ба нафъи кор аст. Ин пизишк ба одамон қаблан ҳам изҳор дошта буд, ки ҷиҳати пешгирии коронавирус ҳеҷ гоҳ ба доруҳои антибиотик рӯ наоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here