Барои омӯзиш як системаи махсуси равшании LED ва камераи баландсуръат истифода шуд. Як гурӯҳи мутахассисони Донишгоҳи Уэлси Ҷанубии Нав дар Австралия муайян карданд, ки моски ҷарроҳӣ шахсро аз сирояти коронавирус беҳтар муҳофизат мекунад. Дар ин бора ScienceDaily хабар медиҳад.

Пӯшидани моск хавфи интиқоли COVID-19-ро 50-80% кам мекунад.

Зимни таҳқиқот, олимон самаранокии се намуди москро муқоиса карданд: москҳои якқабата, дуқабата ва сеқабатаи воситаҳои ҳимояи шахсии ҷарроҳӣ. Мутахассисон системаи равшании LED-и махсус ва камераи баландсуръатро барои пайгирии паҳн шудани қатраҳои микроскопӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони эҳтимолии вируси COVID-19 истифода бурданд. Дар натиҷа, маълум карда шуд, ки моски ҷарроҳии сеқабата дар пешгирии ин зарраҳо беҳтарин аст.

Ҳамзамон, тавре муҳаққиқон таъкид карданд, ҳатто ин намуд моски якқабата шумораи паҳншавии қатраҳои вирусро коҳиш додааст, аммо сатҳи муҳофизатии дуқабата самарабахштар будааст.

Ғайр аз ин, ба сифати моски тиббӣ намуди матоъ, тарроҳӣ, мувофиқат ба рӯй ва тарзи шустани он низ таъсир мерасонанд.

Олимон маслиҳат медиҳанд, ки москҳоро худи одамон дуруст кунанд ва ҳадди аққал ду қабат матоъро истифода баранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here