Имомхатибони чанд масҷиди панҷвақта дар манотиқи кишвар мегӯянд, дастур гирифтаанд, ки рафтани ашхоси аз 60-сола болоро ба масҷид манъ кунанд. Ин тасмим дар робита ба гӯё пасттар будани масунияти бадани ин гуруҳи одамон назар ба ҷавонтарҳо ва эҳтимолияти гирифторияшон ба коронавирус гирифта шудааст.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати кишвар Афшин Муқим гуфт, дар масҷид ибодат кардани шаҳрвандон манъ нашудааст, вале ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки беҳтараш намозро дар хона бихонанд.

— Ходимони дин тавсия доданд, ки на танҳо калонсолон, балки дигарон ҳам, ба қадри имкон, ба масҷид наоянд, — гуфт ӯ.

Афшин Муқим ба суол, ки “Оё нияти дубора маҳкам кардани масҷидҳо ҳаст?», гуфт: “Алҳол не, аммо дар чунин вазъият ҳарчӣ шуданаш мумкин аст”.

Ин дар ҳолест, ки сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин Абдуғаффор Юсуфов дар суҳбат ба “Sputnik Тоҷикистон” “баста шудани масҷидҳоро ба хотири ҷилавгирӣ аз маризии коронавирус ба нафъи мусалмон ҳисобида, аз мардум хостааст аз ин тасмим ҳангома насозанд”.

Масъули Кумита гуфтааст, ки имрӯз ҳатто масоҷиди мӯътабартарини олами ислом, назири Масҷид ул-ҳаром, Масҷиди Набавӣ, Масҷиди Ақсо баста шуда, ҳатто тавофи хонаи Каъба номумкин шудааст.

— Муфтиҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Тотористон ва кишвари ҳамсояи мо Ӯзбекистон фатво доданд, ки дар моҳи мубораки Рамазон мардум бояд дар хонаҳояшон ибодат кунанд, хондани намози таровеҳ дар масҷидҳо ва ҳам баргузор намудани ифторҳо дар замони шуюъи коронавирус хатар ба ҷони инсонҳост, — гуфтааст Абдуғаффор Юсуфов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here