Президенти Русия Владимир Путин таърихи оғози эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирусро дар кишвараш эълон кард.

— Эмгузаронии оммавии шаҳрвандон алайҳи коронавируси нав дар Русия аз 7-уми декабри соли равон шуруъ хоҳад шуд,- эълон кард президенти ин кишвар Владимир Путин. Ӯ инчунин қайд намуд, ки духтурон ва муаллимон аввалин шуда ваксина бар зидди COVID-19-ро истифода хоҳанд бурд.

Путин қайд кард, ки ваксина ихтиёрӣ ва бепул хоҳад буд. Дар баробари ин, президент илова кард, ки ба наздикӣ дар Русия 2 миллион адад ваксина алайҳи коронавирус истеҳсол мешавад.

— Медонам, ки 2 миллион адад ваксинаро аллакай истиҳсол кардем ё баъд аз чанд рӯз истеҳсол хоҳанд шуд, ки бо ин истеҳсоли аввалин ваксина дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуда, алайҳи сирояти коронавирус “Спутник V” ба ин дараҷа хоҳад расид. Ин ба мо имконият медиҳад, ки агар эмгузаронии оммавиро оғоз карда натавонем ҳам, пас эмгузаронии миқёси калон, пеш аз ҳама ду гуруҳ — духутурон ва муаллимон эмгузаронӣ мешаванд,- гуфт Путин.

Вазорати тандурустии Русия аввалин шуда ваксинаи “Спутник V” бар зидди коронавирусро моҳи август ба қайд гирифта буд. Ваксина аз ҷониби Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамале ихтироъ карда шуда, истеҳсолот дар якҷоягӣ бо РФПИ амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқот, дору бехатар аст ва қобилияти ташаккул додани иммунитет дар беморонро дорад. Баъдтар натиҷаҳои озмоиши клиникиро маҷаллаи маъруфи тиббӣ — The Lancet тасдиқ кард.

Гулрӯ СУҲРОБЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here