Имрӯз ба тасмими Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ки наздики ду моҳ қарантин шуда буданд, ба реҷаи муқаррарии корӣ баргаштанд.

Шарти асосӣ барои ба кор оғоз кардани муассисаҳои мазкур, безараргардонии макони кор, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ва қабули мизоҷон бо моск мебошад.

Гузориши видеоии хабарнигори «Фараж» Ҳасан Ёров аз бозори «Корвон»-и Душанбе, ки субҳи имрӯз баъд аз қарантини наздик ба ду моҳ, ба кор шуруъ кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here