То имрӯз дар тамоми сайёра 43 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд, ки 29 миллион нафаршон табобат гирифтаву 1,15 миллиони дигар ба ҳалокат расидаанд.

Шумораи зиёди гирифторони CoVid-19 дар ИМА – 8,67 млн, Ҳиндустон – 7,91 млн, Бразилия – 5,39 млн ба қафд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи гузашта (то шоми 25-уми октябр) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз 30-юми апрел то 25-уми октябр шумораи расмии гирифторони коронавирус 10776 нафар будааст. Дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки дар як шабонарӯзи охир 53 нафар пас аз табобат ба хона рухсат шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9889 (91,8%)  баробар гардидааст. Бар асари ин вирус 81 нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here