Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, субҳи рӯзи 18-уми январи соли равон маълумот дар бораи теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус ва фавтидагон аз ин беморӣ тағйир наёфтааст.

Аз оғоз сироятёфтагон дар кишварамон 13 308 нафар буда, фавтидагон 90 нафаранд. Бинобар омори расмӣ, адади шифоёфтагон низ бетағйир буда, 13 218 нафарро ташкил медиҳанд.

Муфовиқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷон Хопкинс, шумораи фавтидагон аз бемории коронавирус то субҳи рӯзи шанбе ба 2 миллиону 6 ҳазору 611 нафар расидааст.

Тибқи иттилои ин донишгоҳ, шумораи умумии сироятёфтагон дар 191 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон 93 миллиону 765 ҳазору 725 нафарро ташкил дода, беш аз 66 миллион нафар табобат ёфтаанд.

Ҷои аввалро дар ҳодисаҳои фавт ва сироятёбӣ то ҳол ИМА дар даст дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here