Роспотребнадзор ба ҳамаи русиягиҳо дастур додааст, ки дар ҷойҳои будубоши оммавӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо, истгоҳу лифтҳо моск пӯшанд. Ҳамчунин, аз соати 23:00 то 6:00 баргузории чорабиниҳои фароғатӣ ва фаъолияти хадамоти ғизои умумӣ манъ аст. Ин дастур аз 28-уми октябр эътибор пайдо мекунад.

Ҷойҳои будубоши оммавӣ ҷойҳое мебошанд, ки дар як вақт зиёда аз 50 нафар бошанд. Тавре Роспотребнадзор шарҳ додааст, чораҳои нави маҳдудкунӣ бо сабаби идома ёфтани паҳншавии коронавирус ва инчунин афзоиши мавсимии гирифторӣ ба сирояти шадиди маризиҳои роҳи нафас ва зуком ҷорӣ карда мешаванд.

Ин тасмим, инчунин, мақомоти минтақаҳоро вазифадор мекунад, ки уфунатзудоиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ, театрҳо ва дигар ҷойҳои истиқомати оммавӣ тақвият диҳанд, барои ҳимояи шаҳрвандони аз 65-сола боло ва гирифтори бемориҳои музмин чораҳои санитарию эпидемиологӣ андешанд.

Роспотребнадзор тавсия медиҳад, ки маъракаҳои фароғатии шабона ва хадамоти ғизои умумӣ аз соати 23:00 то 6:00 манъ карда шавад, аммо ин тасмим дар ихтиёри мақомоти минтақа боқӣ хоҳад монд.

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар рӯзи 26-уми октябр дар Русия 17 347 ҳолат дар 85 минтақа ба қайд гирифта шудааст. 27-уми октябр 320 нафар фавтиданд. Дар маҷмӯъ, дар ин кишвар 1 547 774 ҳолати сироят ва 26 589 фавт ошкор карда шудааст. Шумори аз ҳама зиёдтари гирифторон то ҳол дар Маскав рух медиҳад, ки дар он ҷо 4312 ҳолати нави коронавирус тасдиқ шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here