Роҳбари кишвари Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ аз ахбори хориҷа дар мавриди коронавирус эътиқод карда қайд намудааст, ки ин раванд ба интихобот дар Эрон таъсироти хеле бад расонид. Афзоиши хабарҳои ВАО-и хориҷа дар бораи хуруҷи  коронавирус дар Эрон омилест алайҳи интихобот ва “таблиғоти манфӣ” гуфтааст ӯ. Рӯҳонӣ “иштироки азим”-и мардумро дар интихобот ситоиш кардааст. Гуфта мешавад дар интихоботи Эрон 20 фоизи райъдиҳандагон иштирок кардаанду халос.

Вазири вазорати беҳдошти Эрон ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки мусофирони чиние, ки ба шаҳри Қум сафар карда будаанд гирифтори коронавирус будаанд. Баррасиҳои вазорати беҳдошти Эрон ташхис додааст, ки вируси нав ҳамон вируси COVID19 будааст. Дар Қум бозаргоне коронавирусро бурдааст, дар давраи охире, ки олудагии муҳити Чин ба короновирус ба назар мерасид ва ӯ дар ин ҳангом дар Чин будааст. Пас аз пайдо шудани овозаҳо Эрон ба таври қатъӣ парвозҳои Чин ба Эрон ва баръаксро қатъ кардааст.

Пешниҳод шудааст, ки шаҳри Қумро қарантин эълон кунанд, аммо ҳукумат розӣ нашудааст ва баён доштааст, ки ҳар шаҳрванд қарантини хонагирӣ барои худ ташкил диҳанд ва барои пешгирӣ ва авҷ нагирифтани ин вирус мусоидат кунанд. Мубталоён ба коронавирус дар Қум таҳти қарантин гирифта шудаанд ва аз ҷониби Ҳукумати Эрон 530 миллиард барои пешгирӣ аз авҷгирии вирус ва кӯмакҳои тиббӣ расонидан ба мубталоёни ин вирус ба вазорати беҳдошт ҷудо кардааст.

Ситоди пешгирӣ аз густариши  ин вирус эълон доштааст, ки мусобиқаҳои варзишӣ дар Эрон бидуни ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ҳол он ки ин ситод дар иттилоъдиҳии аввалаи худ эълон намуда буд, ки аз рузи 24-уми феврал шӯруъ карда тамомии мусобиқаҳо давоми 10 рӯз бекор карда мешаванд, аммо дар иттилоъдиҳии охири худ тасмимро дигар карда ва гуфтааст, ки тамоми мусобиқаҳо бе ҳузури тамошобин баргузор карда мешаванд.

Вазорати беҳдошти кишвари Эрон омори гирифторон ба коронавирусро эълом доштааст,  ҳазорон нафар мардуме, ки фикр доштанд, ба ин вирус гирифторанд, ба беморхонаҳо муроҷиат кардаанд ва бештар аз 700 нафар ташхис карда шудаанд. Теъдоди мубталоён ба ин  вирус 7 нафар дар шаҳри Қум, 4 нафар дар шаҳри Теҳрон, 2 нафар дар Гилан ва як нафар дар Тонекобон ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 23-юми феврал ҷон бохтани се нафар дар байни 15 ҳолати нави тасдиқшудаи вируси  COVID 19  ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии сирятёфтагон ба 43 нафар ва фавт ба 8 нафар расидааст

Вазири беҳдошти Туркия эълон кардааст, ки 5 нафар шаҳрванде, ки аз Эрон вориди кишвар шудаанд ва машкук ба коронавирус будаанд, ки аз ин 5 нафар, 3 нафар шаҳрванди турк ва 2 нафар шаҳрванди эронӣ мебошанд.  Дар Чин аз ҳисоби донишҷуёни турк 17 нафар таҳсил доштаанд ки Туркия бо ҳавопаймои неруҳои қудратӣ онҳоро ба давлати худ оварда ба қарантин дар давоми 14 рӯз қарор додааст тибқи иттилои вазорати тандурустии Туркия тамомии он донишҷӯён солим будаанд ва ба вирус гирифтор набудаанд.

Бинобар иттилои оҷонсиҳои хабарии Эрон бар асари COVID 19 аз рӯзи чоршанбе инҷониб дар Эрон 8 нафар ҷон додаанд, аммо манобеи иттилоотии iraninternashional мегӯяд теъдоди фавтидагон ба 24 нафар расидааст. Мақомоти Эрон ҳамчун “чораи пешгирӣ” амр додаанд, ки мактабҳо ва дигар марказҳои таълимӣ дар 14 устони саросари кишвар аз рӯзи 23-юми феврал баста шаванд. Ба онҳо шаҳри Қум дохил мешавад, ки аввалин бор дар онҷо коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти шаҳрдории Теҳрон  дастур додааст, ки дӯконҳои хӯрокхӯрӣ ва фаввораҳои об дар истгоҳҳои метро баста шаванд. Сардори равобит бо ҷомеаи Теҳрон Ғуломризо Муҳаммадӣ гуфтааст, ки автобусҳо ва қаторҳои зеризаминӣ дезинфексия карда мешаванд, аммо то ҳол ин шаҳрро дар қарантин нагирифтаанд.

Гуфта мешавад ки пас аз омадани вирус ба кишвари Эрон Туркия роҳҳои сарҳадӣ ва муносибатҳои сайёҳии худро бо Эрон қатъ кардааст. Тибқи иттилои маъхазҳои хабарии Эрон гуфта мешавад, ки  ҳар руз тахминан ҳазорон сайёҳи эронӣ ба Туркия сафар мекарданд, пас аз тасмимгирии Туркия шаҳрвандони Эрон аз сафар ба онҷо маҳрум гашта, изҳори норозигӣ баён доштаанд.

Инчунин, гуфта мешавад, ки Покистон рӯзи 23-юми феврал сарҳади заминии худро бо Эрон бастааст, дар ҳоле ки Афғонистон сафар ба кишвари Эронро қатъ кард, зеро тарсу ҳарос дар минтақа торафт афзоиш меёбад. Ҳам Афғонистон ва ҳам Покистон бо Эрон сарҳади тӯлонӣ доранд, дар ҳоле ки миллионҳо гурезаи афғон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, метарсанд ки ин вирус ба осонӣ дар сарҳад паҳн мешавад. Барои пешгирии коронавирус Афғонистон ҳамаи ҳаракати мусофиронро ба Эрон қатъ намуд, гуфтааст дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар як изҳорот дар Твитер.

Кувейт ва Ироқ низ марзҳои сарҳадӣ ва баҳрии худро бо Эрон бастанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамсарҳад бо кишвари Чин мебошад, ба гуфтаи Вазорати тандурустии кишвар коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here