Бритониё яке аз бузургтарин таҳқиқотро, ки назарияи масунияти коллективиро аз COVID-19 нақз мекунад, ҷамъбаст кард. Олимон, дар озмоиши зиёда аз 350 000 нафар тасдиқ карданд, ки подтанҳо (антибод, антитела) дар беморон дар давоми чанд моҳ нопадид мешаванд. Одамоне, ки ин бемориро ноаён пушти сар кардаанд, системи эманиро зудтар гум мекунанд.

Олимон аз Бритониёи Кабир дар байни сокинони салтанат озмоиши густурдае барои муайян кардани подтанҳо бар зидди коронавирус гузаронданд. Натиҷаҳои он нишон доданд, ки бо мурури замон шумораи одамоне, ки подтан доранд, кам мешавад. Ин маънои онро дорад, ки муқовимати организм ба COVID-19 дар одамони барқароршуда бо мурури замон коҳиш меёбад.

Натиҷаҳо инчунин нишон доданд, подтанҳои афроде, ки бидуни аломат коронавирусро пушти сар кардаанд, нисбат ба онҳое, ки бо аломат онро аз сар гузарондад, зудтар аз байн мераванд.

Дар одамони куҳансол шумораи подтанҳо низ нисбат ба одамони ҷавон зудтар коҳиш ёфтааст. Камтарин коҳишёбии 14,9% ба афроди аз 18 то 24-сола ва коҳиши аз ҳама зиёд то 29% ба афроди 75-сола ва аз он боло рост омадааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here