Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш аз минтақаҳои ҷангзада даъват кард, ки задухӯрдҳои мусаллаҳонаро бас кунанд, то аз паҳншавии коронавирус пешгирӣ шавад.  

Гуфта мешавад, ки дар минтақаҳои даргир хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи паст буда, бештари вақт кормандони тиб зери ҳамла мемонанд.

СММ аз кишварҳо 2 миллиард доллар талаб намуда, ба минтаҳаҳои аз коронавирус зарар дида, дасти имдод дароз хоҳад кард, овардааст ОИР«Новости».

Дар урдугоҳи гурезагон, нуқтаҳое, ки онҳо иқомат доранд, шароитҳо муҳайё карда мешавад, ки вирус ҷойгоҳашонро рахна накунад.

Аз рӯйи омори охирини СУТ дар ҷаҳон 330 ҳазор одам гирифтори вирус буда, зиёда аз 14,5 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар Русия 438 бемор ба қайд гирифта шудааст.  Дар Тоҷикистон то ҳол беморе бо нишонаи коронавирус бистарӣ нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here