Вусъатёбии коронавирус мутахассисони тибби ҷаҳонро водор кард, ки дар мавриди сиҳати сокинони сайёра аз ҳарвақта дида бештар чорандешӣ кунанд. Бо вуҷуди он, ки то ҳол ҳеҷ кишвари дунё ваксинаи алоҳидаро бар зидди вируси корона ихтироъ накардааст, табибон чанд роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро ба сокинон пешниҳод кардаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, мегӯяд барои ихтирои ваксина ба муқобили вируси корона аз 6 то 18 моҳ лозим аст.
Дар шароити Тоҷикистон мутахассисони соҳаи тиб истифода аз гиёҳи ҳазориспанд ва меваи лимуро барои пешгирӣ аз коронавирус пешниҳод кардаанд. Бо вуҷуди то ҳол тасдиқ нагардидани ҳолати гирифторӣ ба вируси корона, Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳама чораҳои пешгирикунанда дар ин самт аз ҷониби ситодҳои таъсисдодаи вазорат андешида шудаанд.
Дар ҳамин ҳол нархи баъзе аз маҳсулоте, ки ҳамчун чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби табибон тавсия дода шуда буд, дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон яку якбора баланд шуд.
Испанде, ки қаблан 1 сомонӣ фурӯхта мешуд, 4 сомонӣ, сирпиёз аз 18 сомонии қаблӣ ба 60-65 сомонӣ баробар шуданд.
Дар баробари маҳсулоту дорувориҳои пешгирикунанда, СҶТ истифода аз ниқобро ҳамчун чораи пешгирикунанда тавсия додааст. Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ки вирус ба онҳо сироят ёфтааст, нафароне, ки бидуни ниқоб дар кӯчаҳо мегарданд, ҷарима мешаванд. Вазорати тандурустӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки ниқобҳои тиббии Тоҷикистон аз хориҷ содирот нашуда, дар худи кишвар истеҳсол ва ба дорухонаҳо интиқол меёбанд.
— Дар Тоҷикистон айни замон 5 корхонаи истеҳсолкунандаи ниқобҳои тиббӣ фаъолият мекунанд, ки дар як рӯз иқтидори 25-30 ҳазор ниқобро доранд, — гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.
Қаблан, ҳангоме ки аз вируси корона ному нишоне набуд, арзиши ниқобҳо дар дорухонаҳо 0,8-1 сомонӣ буд. Акнун арзиши ҳамин навъи ниқобҳоро фурӯшандаҳои дорухонаҳои пойтахт то 2 сомонӣ боло бурдаанд.
Тибқи як мушоҳидае, ки хабарнигори Fafaj.tj дар дорухонаҳои “Гарант”-и шафати КВД “Бозори Саховат” анҷом дод, маълум шуд, ки 1 ниқобро фурӯшандагон ба мо 1,5 сомон фурӯхтанду ба сокинони дигар онро ба арзиши 2 сомонӣ мефурӯшанд. Ин навъи муносибат норозигии сокинонро ба миён овардааст.
Сокинон аз он ҳарос доранд, ки дар сурати пайдо шудани коронавирус арзиши дигар навъи дорувориҳо бамаротиб боло меравад.