Директори маркази тадқиқоти стратегӣ дар нишасти ниҳодаш, ки 7-уми феврал доир гардид, гуфт, вируси тоҷдор ё коронавирус собит кард, ки сайёраи мо хеле хурд аст. Беморие, ки дар гӯшае аз дунё ба вуҷуд меояд, ҳатман ба кунҷи дигари сайёра интиқол меёбад.

— Мо ҳамаи ҷанбаҳои масъалаи вируси тоҷдорро мавриди баррасӣ қарор додаем. Ин таҳлилҳои мо на танҳо ҷанбаҳои сироятиву беморӣ, балки паҳлуҳои фарҳангиву ахлоқиро низ дар бар мегирад. Ин вирус  дар Чин ба вуҷуд омадаасту табиист, ки мардуми сайёра чиниҳоро барои паҳн кардани ин вирус гунаҳкор мекунанд, — таъкид кард Зиёӣ Хуршед. — Мо дар ин масъала маводеро низ чоп кардем, зеро дар бист соли асри 21-ум шаш маротиба чунин вирусҳо сар задаанд. Коронавирус танҳо масъалаи хатарзои Чин набуда, ба проблемаи глобалии сайёра табдил ёфтааст. Мо умед ба илму тибби ҷаҳонӣ мекунем. Тоҷикон ворисони Ибни Сино буда, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вирусро бартараф хоҳанд кард.

Бинобар иттилои Зиёӣ Хуршед дар Вуҳан — маркази вирус, алъон 58 шаҳрванди тоҷик таҳсилу фаъолият дошта, ба қарибӣ бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Русия шаҳрвандон аз Ухан ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Феълан нафароне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, мавриди назорати Вазорати тандуристӣ қарор гирифтаанд.

Зиёӣ Хуршед афзуд, ки таҳти раёсати Президенти кишвар комиссияи махсус таъсис шудаасту дар ин самт ҷараёни кор зери назорати комиссияи мазкур қарор дорад.

— Тоҷикистон бо Чин шарики стратегист. Аз ин лиҳоз мо бо ин кишвар ҳамкории иқтисодиро қатъ накарда, бо риояи талаботҳои сиҳатмандӣ тавассути шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ интиқоли маҳсулотро идома медиҳем, — тазаккур дод Зиёи Хуршед. — Умед мебандем, ки рушди устувори равобити иқтисодии мову Чин дар оянда низ устувортар мегардад.

Ба иттилои агентии Синхуа роҳбари Ҷумҳурии Чин субҳи 7-уми феврал ба расонаҳо гуфтааст, ки Чин комилан эътимод дорад ва қодир аст, то авҷи коронавирусро бартараф кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here