Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар яке аз нишастҳои хабарии худ бо нигаронӣ дар мавриди авҷгирии вирус дар Эрон хабар додааст. Тими кӯмакросони ин созмон 25-уми феврал вориди Теҳрон мешаванд. Афзоиши ногаҳонии шумораи сироятёфтагон ба коронавирус дар Италия, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ амиқан нигаронкунанда аст. Дар Ҷопон раванди пайдоиши вирус аз мавориди марбут ба киштӣ дар Сингапур бо сабаби муносибатҳои тиҷоратӣ ва дар Эрон бо роҳи масоили марбут ба ҷараёни мазҳабӣ мебошанд.
Вазири беҳдошти Уммон бо эълони таваққуфи парвозҳои ин кишвар ба Эрон гуфтааст, ду мавриди мубталоёфтагон ба вирус дида шудааст, ки аз Эрон дидор карда будаанд. Ҳавопаймои Қатар ҳам эълон кардааст, ки мусофироне ки аз Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ вориди Доҳа пойтахти ин кишвар мешаванд, зери қарантин мегиранд. Масъулини яке аз ҳавопаймои Туркия гуфтааст,ки парвозҳояшро ба шаҳрҳои Машҳад, Исфаҳон, Табрез ва Шероз то 27-уми феврал қатъ кардааст. Кишварҳои Ироқ, Туркманистон, Қувайт, Гурҷистон, Баҳрайн ва Афғонистон эълон кардаанд, ки марзҳои худро бо Эрон мебанданд. Тоҷикистон низ тасмим дорад, парвози ҳавопаймоҳои худро ба Эрон қатъ кунад.
Баҳроми Сармаст, яке аз масъули ниҳоде дар Қум, назари коршиносони Вазорати беҳдоштро барои тасмимгирии лозим дар мавриди қарантин эълон кардани шаҳри Қум рад намуда, гуфтааст, бар асоси пешбиниҳо ба ин зудӣ наметавон масъалаи коронавирусро ҳал кард, аммо феълан барномае барои қарантин кардани шаҳр вуҷуд надорад. Ба иттилои манобеи иттилоърасони Эрон, бо боло гирифтани ихтилофи назар дар бораи қарантин эълон кардани шаҳри Қум дар ин шаҳр ҷаласаҳои ҳайатҳои мазҳабӣ қатъ карда шуда ва маросимҳои динӣ баргузор нахоҳанд шуд.
Аҳмади Амирободӣ, намояндаи шаҳри Қум дар маҷлиси Шӯрои исломӣ, аз марги 50 нафар бар асари короновирус хабар додааст, ки тавасути Вазорати беҳдошт эълон карда шудааст.
Ҳамзамон, бо тарсу ваҳшати мардуми эронӣ даъвоҳо доир ба омори дақиқи қурбониёни ин вирус байни моқомоти Ҳукумат боло гирифтааст. Ба иттилои яке аз манобеи хабарии ironinternashional давлат аз шумораи қурбониён як оморе медиҳад, аммо намояндаи Қум ҳарфи дигаре мезананду мегӯяд, вазъият дар ин шаҳр бадтар аз чизест, ки давлат мегӯяд. Ибтидо гуфтаанд, дар Қум 50 нафар ҷон бохтаанд, каме баъдтар муовини вазири беҳдошти Эрон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст ки он омор дуруст нест. Тибқи иттилои манобеи хабарии Эрон теъдоди фавтидагон бар асари вирус то 24-уми феврал ба 59 нафар расидааст. Дар ҳоле ки ин вирус дар ин кишвар дар авҷгирӣ аст, мақомоти Вазорати беҳдошт гуфтаанд, ки шаҳри Қум қарантин эълон карда намешавад, чунки сиёсати қарантин ягон пешравиро бо худ намеовардааст. Гуфта мешавад ки дар баъзе аз кишварҳо ҳатто як ниқоби оддӣ пайдо намешавад.
Ҳукумат гуфтааст, аз сиёсӣ кардани мавориди марбут ба коронавирус васоити ахбор худдорӣ кунанд.
Созмонҳои мардумӣ бо як номаи саркушода ба раҳбари Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ муроҷиат карда хостаанд, ки омори шафофи фавтидагонро тариқи манобеи хабаррасони давлатӣ ба мардум расонанд ва давлат аз ҳар гуна пинҳонкорӣ парҳез бикунад. Ин созмонҳо ҳамчунин хостори таътил кардани тамомии мактабу мадрасаҳо ва донишгоҳҳо, барномаҳои умумӣ, аз ҷумла маросимҳои мазҳабиву нишастҳо, мебошанд.
Саиди Султонпур, яке аз зиндоиёни маҳбаси Эрон, ба манбаи иттилоотрасонии ironinternashional гуфтааст, ки коронавирус ба зиндон низ сироят кардааст, масъулони зиндон банди зиндониёни сиёсиро ба далели наздики ба беморӣ барои қарантини мубталоёни вирус дар назар гирифтаанд. Мулоқотро дар зиндон қатъ кардаанд ва вазъияти беҳдошти дар онҷо бисёр бад будааст. “Дар як утоқ 8 нафар ҳастем, ҳол он ки барои ҳама утоқҳои инфиродӣ муқарар шудааст” — гуфтааст зиндонӣ.