То имрӯз дар тамоми олам мувофиқи омори расмӣ 35,1 миллион нафар аз вируси CoViD-19 сироят ёфтаанд ва 1,04 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.

Бештари гирифторони короновирус дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки 7,44 млн нафаранд. Қурбониёни ин вирус 210 ҳазор гуфта мешаванд. Омори бештари гирифторон дар Ҳиндустон низ мушоҳида мешавад, ки 6,62 млн кас сироят ёфтаанду 103 ҳазор кас фавтидаанд. Бразилия бо 4,92 млн нафар гирифтор дар ҷойи сеюм аст. Дар ин ҷо 146 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30-юми апрел то 4-уми октябр 9935 ҳолатро ташкил дода, 8749  (88,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 78 нафар фавтидаанд.

Дар шабонарӯзи охир 63 нафар гумонбари гирифтор ба ин вирус таҳти назорати пизишкон қарор дошта , 42 бемор баъд аз табобат ба хона рухсатдода шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here