Кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон дар вақти гирифтани пора барои додани билети ҳарбии қалбакӣ дастгир шуданд. Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Мутахасcиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Азизов Акмал Исматуллоевич ва ёрдамчии калони сардори зершуъбаи сафарбари Комисcариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Темуров Умедҷон Давлатшоевич аз шаҳрванд «А» барои ба номи писараш додани билети ҳарбӣ маблағи 6000 сомонӣ пора талаб кардаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опреативӣ-тафтишотӣ зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5500 сомонӣ Азизов Акмал Исматуллоевич ва Темуров Умедҷон Давлатшоевич дастгир гардида, мабалағи зикршуда аз дуюмӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Нисбати Азизов Акмал Исматуллоевич ва Темуров Умедҷон Давлатшоевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here