Субҳи рӯзи 22-юми январ, корманди ШБДА  дар шаҳри Панҷакент Хайём Пӯлодов  ба идораи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон арз кард, ки дар қазияи дар рӯзи 20-уми январ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки ӯ ва ронандаи автомашинаи «Ниссан-Максима» Зафар Исломов рух дода, тадқиқоти журналистӣ бурда шавад.

Аз рӯи гуфтаи Хайём Пӯлодов маълум гардид, ки дар вақти иҷрои вазифааш  як ронандаро бо нақлиёти тамғаи «Ниссан Максима», рақами қайди давлатиаш 73 17 ВМ 02 манъ мекунад. Вақте мебинад, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дорад, хоҳиш менамояд, ки ронанда аз автомашина берун ояд. Вақте, ки Зафар Исломов ба ӯ итоат намекунад ва аз фуромадан саркашӣ мекунад, Хайём Пӯлодов кӯшиш мекунад, ки мошинро хомӯш карда, калидро гирад, аммо ронанда ба ӯ итоат накарда мошинро  меронад ва сержант Хайём Пӯлодовро ба масофаи чанд метр кашола карда мебарад ва дар ниҳоят мошинаш ба дарахт бархӯрда меистад. Баъди ин ҳодиса мошини «Ниссан Максима”-ро ба ҷаримагоҳ бурда, нисбати қонуншикании ронанда Зафар Исломов  протокол  тартиб медиҳад. Хайём Пӯлодов мегӯяд, ки «дар сомонаи «Ахбор» маводе таҳти унвони «Гунаҳкор кист? ронанда ё корманди БДА?»  нашр гардидааст, ки он ҷо наздикони З. Низомов ба ӯ туҳмат карда, ӯро гунаҳгор донистаанд, чунончи:

«…Аммо Хайём Исломов иддаои кормандони БДА дар бораи маст будани бародарашро рад мекунад: «Вақте ки бародари ман Низомов Зафар дар чароғаки роҳнамо дар дарвозаи Бухоро меистад, корманди БДА Хайём Пӯлодов дари мошинро кушода мехоҳад бародари маро аз мошин фарорад. Бародари ман дар ҳайрат афтода мехоҳад сабаби ин рафтори ӯро фаҳмад, вале ӯ ягон гап нагуфта пои худро даруни мошини бародари ман карда мехоҳад тормозро зер кунад, вале ба ҷои тормоз газро худи Хайем Пӯлодов зер мекунад ва мошин ба дарахт мезанад”.

Хайём Исломов мегӯяд, ҳарчанд мехостанд ки бародарашро дар протокол маст нишон бидиҳанд, вале муваффақ нашуданд: «Ман худам ду духтурро то шуъбаи корҳои дохилии Панҷакент овардам ва ҳарду ташхис доданд, ки Зафар Низомов ҳушёр аст. Онҳо бовар накарда, духтури сеюмро даъват карданд ва ӯ ҳам чунин ташхис дод, ки ронанда маст нест. Талош карданд, то духтурон хулосаи ба онҳо даркориро диҳанд, вале ноил нашуданд. Барои ҳамин дар протокол фақат навиштанд, ки бо худ ҳуҷҷати ронандагӣ надошт. Агар як зарра маст мебуд, рост бурда мешинонданд, дар ду дунё ҷавобаш намедоданд, вале бародари маро ҳамон шаб ҷавоб доданд ва ӯ ба хона омад”.

Ба гуфтаи Хайём Исломов, корманди БДА Хайём Пӯлодов бо айби ӯ рух додани садамаро ба гардан гирифта, ҳатто ваъда додааст, ки мошини Зафар Низомовро аз пули худаш тармим мекунад. Аммо, мегӯяд Хайём Исломов, корманди БДА баъд ба даруни шуъбаи милиса даромада, руст шуд…” — омадааст, ки дурӯғи маҳз  мебошад”.

Дар бораи қонуншиканӣ ва итоат накардан ба кормандони БДА дар шаҳри Панҷакент аз тарафи пайвандон ва фарзандони мақомдорону “корчаллонҳо”-и шаҳр  фарзия ва овозаҳо зиёд аст.

МТЖТ тасмим гирифтааст масъалаи мазкурро пайгирӣ намояд.

Бибиҷон Ашӯрова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here