Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон дар арафаи иди Қурбон ва ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ниёзманд ёрии хайриявӣ расондааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ин нињод хабар доданд.
Аз ҷумла, бошандагони мактаб-интернати низомаш махсуси деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор аз кӯмаки мазкур, ки иборат аз маводи ѓизої, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва дигар анвои хўрокворї иборат буд, баҳравар гардиданд.