Мақомоти Кореяи Шимолӣ дар бораи нахустин ҳолати гумонбаршудаи коронавирус дар ин кишвар хабар доданд, иттилоъ медиҳад Агентии марказии телеграфии Корея.

Гуфта мешавад, шахсе, ки ба сироятёбӣ гумонбар дониста шудааст, рӯзи 19-уми июл аз Кореяи Ҷанубӣ ғайриқонунӣ ба ин кишвар омадааст ва дар шаҳри Кайсонг будааст.

Ташхиши ӯ дар бораи сироят аз коронавирус натиҷаи номаълумеро нишон додааст. Дар ҳоли ҳозир, бемор ба таври қатъӣ дар қарантин буда, доираи шахсоне, ки бо ӯ дар тамос буданд, муайян карда шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса, Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коргарони Кореяи Шимолӣ ҷаласаи фаврӣ даъват кардааст. Дар он пешвои Ҷумҳурии халқии декмокртаии Корея (ҶХДК) Ким Чен Ун иштирок доштааст.

Тибқи омори расмӣ, дар Кореяи Шимолӣ, ҳеҷ гуна ҳодисаҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудаанд. Дар охири моҳи март хабар дода шуд, ки ҶХДК пинҳонӣ дар мубориза алайҳи эпидемия кӯмак дархост кардааст. Қайд карда шуд, ки Пхенян аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кардааст, ки шумораи бештари мардумро аз ташхиси сирояти ин врус гузаронанд.

Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ), шумораи ҳодисаҳои сироятёбӣ бо коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон дар як рӯзи охир 284196 нафар афзуда, 9753 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар арафаи 247.225 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 7097 фавт ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти ТУТ, шумораи умумии ҳолатҳои сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба 15 296 926 расидааст, зиёда аз 628 ҳазор бемор а тасдиқи COVID-19 вафот кардаанд. Аксари ҳолатҳо дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ — 8,121,700 ва Аврупо — 3,170,382 ба қайд гирифта шуда, дар Русия 800 849 ҳолати беморӣ (дар ҷаҳон чорум) ошкор шуда, 13.046 нафар ба ҳалокат расидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here