— Як ширкати Кореяи Ҷанубӣ — GL Rapha аз болои ваксинаи русии “Спутник V” кор карда истода, ба истеҳсол ва ба фурӯш баровардани он аз моҳи январ оғоз хоҳад кард,- хабар медиҳад РИА Новости.

Фонди сармоягузории мустақими Русия яке аз ширкатҳои пешбари соҳаи биотехнологӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки дар моҳи ноябри соли равон барои истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» алайҳи коронавирус ва содироти он ба дигар кишварҳо қарор қабул кард. Дар як сол ба бозори ҷаҳонӣ зиёда аз 150 миллион ҳаб ваксинаи “Спутник V” ворид карда мешавад, ки он дар Кореяи Ҷанубӣ истеҳсол мешавад.

— Айни ҳол мо аз болои як қисми озмоишӣ кор карда истодаем. Маҳсулоте, ки баъд аз истеҳсоли ваксинаи озмоишӣ ба даст оварда мешавад, ҳамзамон онро бояд бо ваксинае, ки дар Русия истеҳсол мешавад, баробар намуда, монандии онҳоро бисанҷем. Барои ҳамин, дар давоми ин моҳ нақша дорем, ки натиҷаамонро ба давлати Русия равон карда ва агар санҷиш ягон мушкилиро пеш наорад, аз моҳи январ истеҳсоли ваксинаро оғоз хоҳем кард,- хабар медиҳад ба РИА Новости роҳбари бахши робита бо ҷомеаи GL Rapha Ким Ги Ён.

Ӯ илова кардааст, ки ширкат айни ҳол бо тамоми мақомоти марбутаи Кореяи Ҷанубӣ маслиҳат карда, хоҳиши ба даст овардани иҷозат барои истеҳсол ва нигоҳдории ваксинаро дорад. “Мушкилиҳои калон нест, зеро ба ҳар ҳол ваксина барои Кореяи Ҷанубӣ пешбинӣ нашудааст. Ҳамаи шартномаҳо барои Шарқи Наздик пешбинӣ шудаанд”,- шарҳ додааст Ким Ги Ён.

Ҳоло ваксина дар шакли яхбаста бароварда мешавад, ки бояд дар 18 дараҷа нигоҳ дошта шавад, аммо бино ба гуфти Ким Ги Ён, агар дар оянда давлати Русия ба ширкат дар бораи намуди лиофилизатсияшуда (нигоҳдорӣ дар +2 -8 дараҷа) муроҷиат кунад, GL Rapha метавонад ҳар ду намудро истеҳсол кунад.

Гулрӯ СУҲРОБЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here