Як хонандаи мактаб дар Хуҷанд ба сари марди 32-сола корд кашида, ӯро захмӣ ва худро гирифтори ҷазо кардааст.

Кормандони милитсия ноболиғ, навраси 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои миёнаи ин шаҳрро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии  каси дигар дастгир кардаанд.  Маълум шудааст, ки ин ноболиғ рӯзи 13-уми августи соли 2017, тахминан соати 22:30, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Кулангир”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо марди 32-солаи ҷамоати деҳоти Х.Усмони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 4 маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here