Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми августи соли 2018, конфронс дар мавзӯи “Иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфҳои коррупсионӣ” баргузор гардид.
Тибқи гуфтаи ташкилкунандагони ин конфронс мақсади асосии чорабинӣ мусоидат намудан дар амалинамоии самараноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Диққати махсуси конфронс ба муҳокима намудани масьалаҳои алоқаманд ба иҷроиши уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба коррупсия, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфҳои коррупсионӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқ ва инкишофи таьлими зиддикорупсионӣ равона шуда буд.