Сокинони Панҷакент мегӯянд, ягона мавзеъи истироҳатӣ ва ҷои оббозӣ дар ин шаҳр, кӯли “Комсомол” ба як харобазор табдил гардидаву аҳволи баде дорад.

Ҷовид, як сокини шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат ба Faraj.tj нигаронӣ аз он намуд, ки барои сокинон  ҷойи истороҳат нест.

— Дар ин ин гармои тоқатфарсои тобистон, ки ҳарорат қариб ба 40 дараҷа мерасад, сокинон мехоҳанд ҷои солқин ва лаби об раванду оббозӣ кунанд. Ин гуна ҷой дар Панҷакент қариб, ки нест. Ягона ҷое, ки мо аз хурди меомадем, ҳамин кӯли “Комсомол” буд. Инҷо замоне хеле ободу серодам ва истироҳатгоҳи сокинону меҳмонон ва ҳатто сайёҳон буд. Ҳоло ба як харобазоре табдил шудааст, ки гӯё ба касе лозим нест, – мегӯяд Ҷовид.

Сокини дигари ҳамин шаҳр, ки худро Маъруф муаррифӣ намуд, мегӯяд: “Сад афсӯс, ки кӯли “Комсомол” шукӯҳу шаҳомат ва он зебогии худро аз даст додааст. Чаро ҳукуматдорони маҳаллӣ барои истироҳати мардум ягон фикр намекунад? Афсуси кӯдакони мо, ки ҷои фароғату истироҳат надоранд. Наход як ҳашар карда инҷоро обод карда нашавад. Оби даруни кӯл ҳам тоза нест ва ба талаботи санитарию эпидеиологӣ ҷавобгӯ намебошад”,-қайд намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи сокинони Панҷакент дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳар сол боғу истироҳатгоҳҳои нав бунёд мекунанд, аммо дар ин шаҳр ин гуна ҷойҳо аз байн рафта истодаанд.

Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, ҳанӯз 3 сол пеш гуфта буд, ки воқеъан 1 кӯл барои мардуми Панҷакент кам аст ва мо дар оянда бо пайдо шудани ҷой ва имконот ягон кӯли дигаре бунёд мекунем.

Хулоса мардуми Панҷакент ҳаққи истирҳат дорад ва ба куҷо истироҳат кунаду бояд ба ин савол кӣ посух гӯяд?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here