Варзишгари шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён айни замон дар машқҳои дастаҷамъӣ, ки аз 28-уми август то 3-юми сентябр дар Олмон баргузор мегардад, қарор дорад. Ӯ б чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар Венгрия сурат мегирад, омодагӣ мебинад. 

Комроншоҳ дар суҳбат бо Sugdnews гуфтааст, айни замон бо мураббиаш Ваҳид Сарлик дар Олмон қарор дорад, ки дар як рӯз ду маротиба ба машқҳои дастаҷамъӣ машғул мешаванд. “Машқҳо дар сатҳи баланд қарор доранд. Худованд розӣ бошад, бо сари баланд ба ватан бармегардам”, — гуфтааст ӯ.

Ба қавли ин варзигшари тоҷик, бояд давоми 10 рӯз баҳри обутоби бадан тамрин кунад ва фардо ба шаҳри Кёлн раҳсипор шавад, ки онҷо тамрини гӯштии дзюдо то санаи 22-юми август идома меёбад. Дар назар аст, ки пас аз тамрин вазнкамкунӣ барои чемпионати ҷаҳон оғоз шавад.

Дар идома ӯ гуфтааст: “Аз рӯзи 23-юм то 31-ум вазн мекашам. 1 сентября баромад мекунам, айни ҳол 95-96 кг вазн дорам. Бояд то 31-уми август 90.00 кг вазн дошта бошам”.

Ҳамзамон, Комроншоҳ Устопириён миннатдории худро ба он нафароне, ки дар машқҳои дастаҷамъӣ ва мусобиқаҳо ӯро дастгирӣ кардаанд, расондааст. 

— Ман миннатдории худро ба раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ба раиси Куматаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ Абдуллозода, президенти федератсияи самбои вилоят Валиев Наврӯз Алиевич ва раиси Федератсияи дзюдои кишвар Нуролло Лоиқов мерасонам, ки маро барои машқҳои дастаҷамъӣ ва барои ширкат дар мусобиқаҳо кӯмак карданд, — гуфтааст ин паҳлавони тоҷик.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here