Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон Содир Ҷапаровро расман пирӯзи интихоботи президентӣ, ки 10-уми январ дар ин кишвар баргузор шуда буд, эълон кард.

Қайд карда мешавад, ки Ҷапаров дар интихобот қариб соҳиби 80 дарсади овозҳо гардидааст. “Комиссияи марказии интихобот натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳлати президентиро муайян кард. Дар интихобот Содир Ҷапаров ғолибиятро ба даст овард. Ӯ соҳиби 79,2 дарсад овоз гардидааст”, — гуфта мешавад дар паёми Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар.

Бино ба маълумоти КМИ Қирғизистон, дар интихоботи президентие, ки 10-уми январ баргузор шуд, 39,75 дарсади овоздиҳандагон шркат кардаанд. Баъд аз ҳисобкунии ҳамаи бюллетенҳо маълум гардидааст, ки ба Содир Ҷапаров 1,1 миллион нафар, яъне 79,2 фоиз овоздиҳандагон овоз додаанд. Ба Адахан Мадумаров 95 ҳазор нафар овоз, яъне 6,8% овоз додаанд.

— Маросими савгандёдкунии президенти интихобшудаи Қирғизистон Содир Ҷапаров рӯзи 28-уми январ баргузор мешавад, — хабар медиҳад бахши Sputnik дар Қирғизистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here