12-уми январи соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар дар ҳайати намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро чун ҳадяи гаронбаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардид.

Ба таъкиди масъулин, ба сокинони ноҳияи Ишкошим 3952 нусха китоби “Тоҷикон” тақдим карда шуд, ки мардум аз ба даст овардани туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол гашта, сипосмандии самимона ва садоқати хешро ба Пешвои миллат  баён доштанд.

Гурӯҳи корӣ дар баробари тақсими китоби мазкур ба аёдати собиқадарони меҳнат Мамадсахӣ Азизхонов, Бибигулшод Мирҷонова, Бибӣ Давлатшоева, Мамнур Қурбоналиев, Бибиҳаво Шоҳдӯстмамадова, Зулайхо Тӯрдиева рафта, китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро чун туҳфаи Пешвои миллат  тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ аз номи ӯ туҳфа кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here