Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони “Афганистан: вызовы и угрозы” (Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо) тавассути нашриёти «Ирфон» дар муҳити иттиллоотии кишвар бо забони русӣ ба табъ расид.

Муаллиф бо зеботарин шеваи илмӣ ва усули таҳқиқотӣ масоили печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додаст. Ӯ зимни баррасии масоили зикргардида сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Давлати исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи ҳама гуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додаст.

Китоби мазкур дар шинохти бархурди манфиатҳои бузург ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Афғонистон саҳми калидӣ доранд, аҳаммияти ҷиддӣ дорад.

Муаллиф дар асоси санадҳои таърихӣ ва далоили қавии таҳлилӣ сабабҳои аслӣ ва калидии буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва иқтисодии ДИА-ро нишон дода, изҳор доштааст, ки ин авомил боиси тақвиятёбӣ ва решадавонии таҳдид ва хатарҳои байналмилалии террористӣ гаштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here